ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШИРАИ КАМОЛ ПЕШГИРӢ ШУД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Шӯъбаи 7 Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаи дуюми шаҳри Тусунзода 14 апрели соли ҷорӣ автомашинаи тамғаи ГАЗ-32213, ки сокини деҳоти «1 май»-и ҳамин ноҳия Ҳусенбой Мамаҷанов идора мекард, боздошт намуданд. Ҳангоми муоина аз бордони автомашинаи номбурда 42 зарфи пластикӣ бо шираи камол ба миқдори 1 тоннаю 20 кг 298 гр дарёфт гардид. Аз рӯи нишондоди ронанда ин мавод ба сокини шаҳри Турсунзода Ашӯр Мирзоқулов тааллуқ доштааст. Бо назардошти супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 19 сентябри соли 2008 «Ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол қатъиян манъ аст», бинобар ин маводи номбурда боздошт гардид.Тавре аз ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






