ИШТИРОКИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН ДАР ИДИ БАҲОР

Апрель 7, 2009 10:55

                 Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 5 апрел дар Донишгоҳи аграрии Пекин бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Танини суруди баҳор» ҷамъомади серодам баргузор гардид. Қисми расмии ҷамъомад дар боғи зардолузори дӯстии Тоҷикистону Чин гузаронида шуд, ки бо ташаббуси кормандони сафорат моҳи марти соли 2006 бунёд карда шуда буд. Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои нигоҳубини ҳамарӯзаашон ба дарахтони боғи дӯстӣ изҳори сипос намуд.                Вай зикр намуд, ки зардолу рамзи офтоб, хушбахтии инсон ва боигарии одамон мебошад. Халқи тоҷик тамоми боигарии худро бо дӯстони ҳақиқии хеш бо ҳам мебинад, изҳор намуд сафир. Ҷамъомади ботантана бо консерти муштарак анҷом ёфт. Дар консерт сурудҳои тоҷикию чинӣ, сатрҳо аз ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Конфутсий ва Мао Сзедун садо доданд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар дода шуд.  

Апрель 7, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд