ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ БО ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ 18 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин рӯз дар пойтахт як қатор биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва марказҳои химатрасонию маишӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин, бо мақсади тозагию ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим марафони дав дар масофаи 21 километр ташкил карда шуда, ғолибони онро тӯҳфаҳои пулию молӣ интизор аст. Баъд аз нисфирӯзӣ бошад, дар «Маркази равобити пойтахт» бахшида ба Рӯзи пойтахт ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуда, дар он як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки Рӯзи пойтахтро бо рӯҳияи болидаю идона дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи устод Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» таҷлил намоянд. Дар ин боғҳои фарҳангӣ баҳри хотирмон гузаронидани Рӯзи пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва сайругашти идонаи оммавӣ ба роҳ монда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






