КИҲО БА ВАЗИФА ТАЪИН ШУДАНД ?
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар» ). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеди Давлатзод муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин гардид. Вай қабл аз ин дар вазифаи муовини аввали раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» кор мекард. Бо қарори дигари Ҳукумат, Шӯҳратҷон Раҳматбоев муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Ӯ пеш аз ин сардори яке аз раёсатҳои кумитаи мазкур буд. Эшонҷон Маҳмудов намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шуд. Бо қарорҳои дигари Ҳукумат, Рустам Шодиев муовини сардори маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Ҳасан Маҳмадалиев муовини сардори Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» таъин гардиданд. Дар ин хусус имрӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон қарорҳо қабул карда шуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






