КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОН БОНКИ МУШТАРАКИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАЪСИС МЕДИҲАНД?

Апрель 22, 2009 15:16

                   Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Се кишвари форсизабон-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати муқобилат бо шиддатёбии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бонки муштараки сармоягузориро созмон бидиҳанд.                   Ин масъаларо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода 22 аперл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар Душанбе шарҳ дода гуфт, ки масъалаи таъсиси Бонки муштараки сармоягузорӣ дар сатҳи гуфтушунидҳо қарор дорад. Аммо, то ҳол дар ин самт ягон ҳуҷҷати расмӣ омодаву таҳия ва пешниҳод нашудааст. Шариф Раҳимзода бар он назар аст, ки таъсиси дилхоҳ бонк ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ, татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ нақши муассир мегузорад.                    Коршиносон ба он назаранд, ки таъсиси бонки муштараки сармоягузорӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории минтақавӣ байни се давлат, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак, бозсозии Афғонистон ва таҳкими якпорчагии кишварҳои ҳамзабони минтақа нақши муассир хоҳад гузошт.

Апрель 22, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд