КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ЗИЁД МЕШАВАД

Апрель 22, 2009 16:22

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли равон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ум 19776 тонна ангиштсанг захира карда шуда, аз ин миқдор 16176 тонна ба воситаи 915 нуқтаю гӯшаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба аҳолӣ фурӯхта шуд.                 Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин 104,3 фоизи нақша буда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 53 фоиз расонида шуд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, нон 1700 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 88 тонна, консерваи меваю сабзавот 600 ҳазор қуттии шартӣ ва намак 120 тоннаро ташкил намуд.                  Бояд гуфт, ки дар ин давра 10 корхонаи хурду миёна таъсис дода шуда, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба l-уми апрели соли ҷорӣ ба 313 адад расид. Аз ҷумла нонвойхонаҳо — 208 адад ва корхонаҳои дузандагӣ — 24 адад.                  Ҳиссаи соҳаи истеҳсолот дар афзун намудани муомилоти чаканаи мол 9,4 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоизро ташкил медод.  

Апрель 22, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд