КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ПУРРА ОҒОЗ КАРД
Душанбе, 23 апрель (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — КВД «Точикаэронавигатсия» дар семоҳаи аввали соли 2009 ҳамчун корхонаи мустақил ба фаъолият шуруъ намуд . Вазифаҳои корхона аз таъмини идоракунии парвози ҳавопаймоҳо ва истифодаи фурӯдгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо иборат мебошад. Корхона аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта филиалҳои он дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯргонтеппа ва мутахассисони фурӯдгоҳҳои махаллӣ фаъолият доранд, гуфт дар нишасти матбуотӣ директории генералии КВД «Тоҷикаэронивигатсия» Анвар Мақсудов. У зикр кард, ки дар ин давра оинномаи корхона аз қайд гузаронида шуда сохтор ва ҷадвали вазифаҳою маоши кормандон тасдиқ гардиданд. Айни ҳол таҳияи нақшаи корӣ идома дорад. Бо мақсади таъмини фаъолияти имконпазири хадамоти фурудгоҳи Душанбе аз бинои аэровокзал ба биноҳои худи корхона кучонидани баъзе шуъбаҳои аэронавигатсиони анҷом дода шуд.Бо муассисаҳои ҳавопаймоие, ки дар дохили мамлакат мусофир мекашонанд, созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карда шуданд.Паст рафтани нишондиҳандаҳо бо буҳрони чаҳонии молиявӣ ва аз ҷониби бисёр интиқолгарони ҳавоӣ кам карда шудани миқдори парвозҳо алоқаманд мебошад. Вобаста ба ҳайати кормандон бояд зикр кард, ки дар айни замон нарасидани мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ эҳсос мегардад. Ин масъала махсусан дар филиалҳои Қӯргонтеппа ва Кӯлоб чиддӣ мебошад ва ин кор ҳоло аз ҳисоби кӯмаки мутахассисони корхонаи марказӣ иҷро карда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






