ЛИТСЕИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ВАХШ

Апрель 17, 2009 17:01

                Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Дар ноҳияи Бохтар сохтмони литсей-интернати президентӣ барои бачагони бесаробон идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини роҳбари Маъмурияти сохтмони муассисаҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Холбой Саидов хабар дод. Дар литсей аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурӣ талабагон аз синфи 1 то 11 дарс мехонанд.                Масоҳати умумии литсей 10 гектар мебошад. Литсей аз 3 иморати 4 ошёна иборат аст. 2 бинои он барои хобгоҳи талабагон пешбинӣ карда мешавад. Дар ҳар кадоми он якбора 330 нафар зиндагӣ карда метавонад. Литсей дорои толорҳои варзишию маҷлисгоҳ иборат буда, синфхонаҳои он бо таҷҳизоти варзишию техникии муосир таъмин карда мешавад. Нақшаи бинои литсейро мутахассисони Пажӯҳишгоҳи «Гипропром» тартиб доданд.               Дохили литсей бо нақшу нигори миллии шарқӣ оро дода мешавад. Ин нақшу нигораҳо ба мавзӯъҳои таърихӣ ва қиссаю ривоятҳо дар бораи Тоҷикистон вобаста мебошад. Сохтмони литсей соли 2005 оғоз ёфта буд ва он то охири соли равон ба истифода дода мешавад. Коргарон айни ҳол ба ороиши дохили бино ва насби таҷҳизоти техникӣ машғуланд.                                                                          Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Апрель 17, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд