МАЛАХ БА ҲУҶУМ МЕГУЗАРАД

Апрель 9, 2009 13:29

                 Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷамъомади мутахассисони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара роҳбарони навоҳии вилоят аз паҳншавии малах изҳори ташвиш намуданд.                 Алҳол малах ба 14 ноҳияи ин вилояти калонтарини пахтакор таҳдид мекунад. Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Данғара дар майдони 2 ҳазору 500 гектар, Қумсангир-2100, Вахш-1900, Хуросон -2500 ва нохияи Шаҳритус дар майдони 1700 гектар паҳн шудани малах мушоҳида мешавад.                 Сардори ситоди ҷумҳурявии мубориза бар зидди малах Қ,Қосимов, масъулинро вазифадор намуд, 1 тонна заҳрхимикати «фастракт» 2 адад дорупошаки ОВХ, 2 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ таъҷилан ба ноҳияи Данғара фиристода шавад.                  Ба ноҳияҳое,ки хатари малах мушохида мешавад ба миқдори 3 ҳазор литр заҳрхимикати «диминил», 2280 литр «алфа супеметрин», 300 аппарати дастӣ ва 300 адад либоси махсус таъмин карда шудааст. 

Апрель 9, 2009 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд