МАРҲАБО БА ОСОИШГОҲИ ҶОНУ РӮҲ!
Дастгирии Паёми Сарвари давлат Истаравшан, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Чанд рӯз қабл тавассути оинаи нилгун Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бодиққат гӯш кардам, — мегӯяд муовини раиси ҶСК «Осоишгоҳи Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан Инъом Муҳаммадиев. Дар он таҳаввулоти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии кишварамон ба таври дақиқ таҳлил гардида вазифаҳо барои соли равон ва давраҳои минбаъда равшану возеҳ баён гардидаанд. Умуман дар ҳар Паёми Сарвари кишварамон масъалаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, илмию адабӣ, фарҳангию ҷамъиятии кишвар, беҳдошти рӯзгори мардумони он чун хати сурхе зоҳир гардида ҷомеаи моро зина ба зина ба пешрафту шукуфонӣ мерасонад. Барои мо соҳибкорон боиси хурсандист, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушду нумӯи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёми имсолаи он кас, ки 15 апрели соли равон доир гардид, гуфта мешавад, ки «Мо бояд дарк намоем, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна ин зиёдшавии ҷойҳои корӣ ва умуман роҳи пурсамари ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад». Аз ин рӯ маҳз ба шарофати дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории соҳибкории хурду миёна ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон мубаддал гардида бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, аз байн бурдани санҷишҳои беасос ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз моҳи июли соли 2008 бо Фармони Президент ба ҳамаи намудҳои санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба муддати ду сол мораторий эълон карда шуд. Дар ҳақиқат, ин тадбири бамаврид барои рушди соҳа ва дасгирии соҳибкорон мадади калон расонид. Ман шахсан ободии имрӯзаи Осоишгоҳи «Уротеппа»-ро маҳз ба туфайли чунин тадбирҳои судбахши Сарвари давлатамон медонам.Аз ин рӯ мо соҳибкорон ҳаракат мекунем, ки бо меҳнати ҳалол, ташкили корхонаю муассисоти тавлидотӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба чунин боварии Сарвари давлатамон сазовор гардем. Коре кунем, ки Ватанамон обод ва мардумони он осудаю озод зиндагӣ дошта бошанд. Дар мавриди Осоишгоҳамон бошад ҳаминро мегӯям, ки онро ҳар сол садҳо ниёзмандон истифода менамояд зеро он табиати мӯҷизаосою рангин дорад. Сайри боғҳои биҳиштосояш, накҳати ҳавои ҷонбахшу лаззати обҳои чашмасорони шифобахшаш барои ҳар чаҳор фасли сол ба муштариён мувофиқ мебошад. Мо агар ба хотири шифои дарду ранҷҳо ва осоиши рӯҳу ҷони мардумонамон заррае ҳам бошад, хизмат расонида тавонем, худро хушбахт эҳсос мекунем. Марҳабо, азизон ба Осоишгоҳи «Уротеппа».








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






