МАВҶИ «ҶАҲОННАМО» БОЯД 90 ФОИЗИ ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИРО ФАРО ГИРАД
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Айни ҳол фарогири мавҷи Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» дар қаламрави ҷумҳурӣ 35 фоизро ташкил дода, он то охири соли ҷорӣ бояд ба 90 фоиз расонда шавад. Дар ин бора муовини авали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов дар нишасти матбуотие, ки имрӯз 16 апрел доир ба натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти кумита баргузор гардид, хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо шабакаи хабарии «Пресс-ТВ»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шабакаи телевизионии «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бобати таъвизи ахбор ва маводи видеоӣ ҳамкори мекунад. Ҳамчунин дар ин давра муассисаи «Ҷаҳоннамо» бо шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар ба мувофиқа омада, намояндагии шабакаи худро дар ин давлат кушод. Аз моҳи май ҳар моҳ 2 нафар аз кормандони шабакаи мазкур дар ширкати телевизионии «Ал-Ҷазира» донишу маҳорати худро такмил медиҳанд. Хамчунин, дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳои соли 2009 оид ба васеъ намудани фарогирии барномаҳои радиотелевизионҳои давлатӣ, беҳтар кардани сифати пахши онҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи якум 15 фиристандаи телевизионӣ насб карда шуд. Дар ин семоҳа дар Комиссияи иҷозатномадиҳии соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ҳуҷҷатҳои 15 довталаб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин мӯҳлати иҷозатномаи 3 ташкилоти телевизионии ТВ «Ғулакандоз», ТВ «АНТ» ТВ «Исфара» ва як радиои «Ориёно медиа» тамдид гардид. Се ташкилоти навтаъсис — ҶДММ «Исател» барои пахши барномаҳои телерадиоии рақамӣ IP-TV дар ҷумҳурӣ, ҶДММ «Радиои Авис плюс» барои истеҳсол ва пахши барномаҳои радиоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ҶДММ «Мавҷи ориёно» барои пахши барномаҳои телевизионӣ тавассути ноқил (кабел) дар шаҳри Хуҷанд соҳиби иҷозатнома гардиданд. Боқимонда ҳуҷҷатҳои 8 довталаб, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷавобгӯ набуданд, барои ислоҳи камбудиҳо баргардонида шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






