МАВЛОНО ЯҚУБИ ЧАРХӢ ДЕҲҚОНИ АСИЛ БУД

Апрель 30, 2009 15:18

                  Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Яқуби Чархӣ — аҳвол ва осор», таҳти чунин унвон нашриёти «Пайванд» китоби донишманд ва муҳақиқи эронӣ Муҳаммадҷаводи Шамсро ба тозагӣ аз чоп баровард.                  Китоб бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 адад бо хатти форсӣ нашр шуд. Он аз се фасл- куллиёт дар бораи маъно ва мафҳум, силсилаи нақшбандия ва бузургони он ва муаррифии асар ва эҷодиёти Яқуби Чархӣ иборат аст.                  Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Яқуб ибни Усмони Чархӣ яке аз шахсиятҳои бузурги олами ислом, мутафаккир ва файласуфи барҷастаи тоҷик буда, нимаи дуюми асри 15 дар деҳаи Чархи Афғонистон дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Мавлоно дар назди бузургону донишмандони маркази бузурги илму маърифат ва тамаддуни он давр — Ҳирот аксари илмҳои маъмули замонашро омӯхт. Мавлоно Яқуби Чархӣ намояндаи тариқати нақшбандия буда, осори Боязиди Бостомӣ, Абдулло Ансорӣ , Шайх Аттор ва дигар пирони тариқати нақшбандияро омӯхт. Чархӣ ба Бухоро омада, бо Хоҷа Баҳоваддини Балогардон шинос мешавад ва яке аз шогирдони вафодори ӯ мегардад. Баҳоваддини Балогардон шогирди вафодори худ Мавлоноро барои тарғиби ҷараёни нақшбандия ба сарзамини Чағониён — водии Ҳисор мефиристад. Яқуби Чархӣ ба Чағониён омада, дуртар аз Қалъаи Ҳисор дар деҳаи Алғату маскун гардида, то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ менамояд. Мавлоно дар баробари донишманд, деҳқони асил буда, аз меҳнати ҳалол нон хӯрданро фазилати бузурги инсонӣ арзёбӣ кардааст. Маҳз бо донишмандӣ, хоксорию меҳнатдӯстиаш ӯ дар байни мардум маҳбуб гардида, ҳатто Абдураҳмони Ҷомӣ ба дидори Мавлоно шарафёб мегардад. Мавлоно бо кӯмаки мардум масҷиди ҷомеъ бунёд кард, ки бо гузашти қарнҳо мардум дар онҷо ба ибодат машғуланд.  Марқади Мавлоно Яқуби Чархи дар 5 километрии Душанбе дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо номи Ҳазрати Мавлоно машҳур буда, зиёратгоҳи мардум гардидааст. Ва бо иқдоми мардум он сол аз сол ободу зебо мегардад.

Апрель 30, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд