ММД БА 3 312,5 МЛН. СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

Апрель 22, 2009 14:15

                 Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ тамоили нисбатан мӯътадил дошт, аз ҷумла дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 3 312,5 миллион сомонӣ баробар шуд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 22 апрел раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.                 Ӯ афзуд, ки дар семоҳаи якуми соли равон сатҳи таваррум ба 1,2 фоиз расида, дурнамои он барои соли 2009 то 13 фоиз дар назар аст. Сатҳи таваррум нисбат ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ 0,6 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 5,6 фоизро ташкил дод.                  Маврид ба зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 801,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4 фоиз кам шудааст.  Содироти мол ба 174,4 миллион доллар баробар шуд, ки асосан аз ҳисоби алюминий, пахта ва растанӣ 48,3 фоиз кам гардид. Воридот бошад 626,8 миллион доллари амрикоиро ташкил кард, ки камшавии он аз ҳисоби маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона 9,9 фоиз ба назар мерасад.                 Дар фарҷом Шариф Раҳимзода ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.

Апрель 22, 2009 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд