МУБТАЛОЁНИ ДИАБЕТИ ҚАНД ТАҲТИ ҲИМОЯ ҚАРОР МЕГИРАНД

Апрель 2, 2009 11:13

                Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи нишондодҳои оморӣ то соли 2030 теъдоди мубталоёни бемории диабети қанд дар саросари ҷаҳон 4,4 % афзоиш ёфта, ба 366 миллион мерасад. Чунин зикр кард аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Ҷумъабой Сангинов зимни баррасии лоиҳаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд». Ин қонунро 1 апрел Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қабул кард.            Ҷумъабой Сангинов гуфт, ки қонуни мазкур бо мақсади танзими қонунгузории кишвар, мутобиқат намудан ба принсипҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шуд. Ин қонун аз 5 боб ва 23 модда иборат аст.             Ба андешаи Ҷ. Сангинов бемории диабети қанд бемориест, ки дар байни шахсони сину солашон гуногун паҳн шуда, он сол аз сол афзоиш меёбад. Тибқи нишондодҳои оморӣ алҳол дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор мубталоёни диабети қанд ба қайд гирифта шуда, беш аз 1500 нафари онҳо дар давоми се сол бо инсулин таъмин шудаанд. Механизми ба таври ройгон тақсим кардани дору ба мубталоёни ин беморӣ дар доираи ду қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардонида мешавад. Аз ҷониби лоиҳаи амрикоии ХОУП ба ҷумҳурӣ дар давоми соли 2008-ум 38 ҳазор шишачаи инсулин оварда шуд.            Ҷ. Сангинов мегӯяд, ки бемории диабети қанд моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин беморӣ Ҳукумат ва парлумони кишвар тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Қабули қонуни мазкур яке аз он тадбирҳост, ки он ба ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд нигаронида шудааст.

Апрель 2, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд