МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНИ ЛАТВИЯ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дирӯз, 16 апрел бо гурӯҳи намояндагони тоҷирону соҳибкорони Латвия таҳти роҳбарии сафири ин мамлакат дар Тоҷикистон Игорс Апокинс мулоқот кард. Ба гурӯҳи намояндагон роҳбарони ширкатҳои «Ришон интер», «Конти химикал компани», «Олимпс», «Латвияс тилти» ва «Равеншил» шомил буданд. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ сухан ронд, ки б а сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷи калон доранд. Қайд карда шуд, ки ба туфайли кушодани корхонаҳои нави муштарак теъдоди зиёди аҳолӣ бо кор таъмин карда мешавад. Сафири Латвия зикр намуд, ки корхонаю ширкатҳои мамлакаташ тайёранд, ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави ҳозиразамон фиристанд ва технологияи муосирро ба мутахассисони корхонаҳои Тоҷикистон омӯзанд. Соҳибкорону тоҷирони латвиягӣ зикр карданд, ки дар бораи Тоҷикистон ва талаботу эҳтиёҷоти иқтисодиёти он маълумоти кофӣ надоранд. Таъкид шуд, ки қаламрави Тоҷикистонро барои фиристодани мол ба Афғонистон истифода бурдан мумкин аст. Ин ҳам ба манфиати Латвия ва ҳам ба манфиати Тоҷикистон мебошад. Барои густариши муносибатҳои дуҷониба кушодани роҳи мустақими ҳавоӣ дар байни ҳар ду мамлакат аҳамияти калон дорад. Меҳмонон хоҳиш карданд, ки тартиби гирифтани раводид дар Тоҷикистон осонтар карда шавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






