МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛАЗИЗ ИБН ҲАРУН

Апрель 20, 2009 12:10

                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Ҳарун эътимоднома қабул намуд.                   Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ шуд.                  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ», ки миёни роҳбарияти олии Тоҷикистону Малайзия ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар таъкид намуд.                   Таҳкиму тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, илмию фарҳангӣ ва иттилоотӣ зарур шумурда шуд.                  Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзию туризм, дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва василаҳои барқӣ, ҳамчунин матоъҳои пахтагин ва абрешимин аз роҳҳои густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.                  Абдулазиз ибн Ҳарун дуруду паёми Шоҳ ва Сарвазири Малайзияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ӯро аз номи онҳо даъват намуд, ки ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом диҳад.                 Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 20, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд