МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР АЛМААТО
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Алмаато даври аввали гуфтушуниди коршиносони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар ҷараёни он коршиносони низомии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои омода сохтану гузаронидани машқҳои ҳарбии зиддитеррористии «Ваколати сулҳ — 2010» — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Аз дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Зариф Бобокалонов иштирок мекунад. Созишномаи гузаронидани машқи мазкур дар қаламрави Қазоқистон моҳи июни соли 2007 қабул шуда буд. Онро баъдан вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ моҳи майи соли 2008 тасдиқ карда буданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






