МУЛОҚОТИ ПРОКУРОРҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР МАСКАВ
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 13 апрел дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав маҷлиси ҳафтуми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Ҳайати Тоҷикистон дар ин маҷлис таҳти роҳбарии прокурори генералии мамлакат Бобоҷон Бобохонов иштирок хоҳад кард. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии фаъолияти созмонҳои ифротии динӣ, тақвияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва гурӯҳҳои ҷинояткори байналхалқӣ муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол Чин, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ мебошанд. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






