МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ КИТОБХОНАҲОИ МИЛЛИИ МАМЛАКАТҲОИ АСҲИ

Апрель 9, 2009 16:11

               Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Директори Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев дар конфронси дуюми мудирони китобхонаҳои мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок хоҳад кард, ки рӯзҳои 20 — 21 апрел дар Боку баргузор мегардад. Дар конфронси мазкур, инчунин, роҳбарони китобхонаҳои миллии Туркия, Эрон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.                 Дар конфронси мазкур масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории байналхалқии мамлакатҳои номбурда дар соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла, мубодилаи китоб, нашри муштараки китобҳо, гузаронидани машваратҳо ва конфронсҳо бо мақсади иваз кардани таҷриба ва такмили маҳорати кормандони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.                Конфронси нахустини роҳбарони китобхонаҳои миллии мамлакатҳои аъзои созмон соли 2007 дар Теҳрон баргузор гардида буд.

Апрель 9, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд