МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ МАМЛАКАТҲОИ СҲШ ДАР ҚАЗОН

Апрель 28, 2009 08:17

                    Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Қазон машварати 6-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай кушода мешавад. Дар ин машварат Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошохрух Асрорӣ иштирок дорад. Дар мулоқот мавзӯи «Анъанаҳои фарҳангии миллӣ ва ҷавонон» муҳокима карда мешавад.                   Дар фарҷоми мулоқот роҷеъ ба ҳамкории бисёрҷонибаю дуҷонибаи мамлакатҳои аъзои созмон Эъломия қабул карда хоҳад шуд. Вазирон ҳамчунин ҷараёни тайёриро ба ҷашнвораи V-и ҳунарии давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ менамоянд. Тоҷикистон дар доираи ҷашнвора намоишгоҳи ҳунарҳои халқии худро ташкил менамояд.                  Дар ин намоишгоҳ асарҳои рассомони тоҷик, либосҳои гулдӯзӣ, қолинҳои миллии дастбоф, нақшу нигор дар чӯб ва ғайраро намоиш медиҳанд.  

Апрель 28, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд