МУНШИИ УМУМИИ СААД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Апрель 11, 2009 11:39

              Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Рӯзҳои наздиктарин баъзе роҳбарони баландпоя ва мансабдорони созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сафири кабири Канада дар Тоҷикистон Маргарет Скок 13 апрел ба Душанбе хоҳад омад. Аз 15 то 17 апрел дар Душанбе семинари минтақавии Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо гузаронида мешавад. Дар он проблемаи коргарони муҳоҷир муҳокима карда мешаванд. Барои иштирок дар семинари мазкур намояндагони мамлакатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии САҲА аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Аврупо ба Душанбе ташриф меоранд.                Хабар дода мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амаду 16 апрел ба Душанбе меояд, Муншии умумии Ассамблеяи парлумонии НАТО Давид Хобс 20 апрел барои боздиди кории дурӯза ба Душанбе хоҳад омад. Вай бо роҳбарони баландпояи ҷумҳурӣ, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва шахсони дигари расмӣ мулоқотҳо анҷом медиҳад.               23 апрел ташрифи Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Душанбе пешбинӣ карда мешавад.

Апрель 11, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд