МУНШИИ УМУМИИ СММ БА МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАШРИФ МЕОРАД

Апрель 1, 2009 08:54

                      Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Тимур Бандишоев). — Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дар ҷараёни иштирокаш дар Конфронси махсуси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба Афғонистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, бо намояндагони ҳайатҳои гуногун мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ ширкат варзид.             Пан Ги Мун зикр намуд, ки ният дорад, нимаи дуюми соли равон барои боздиди расмӣ ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафар кунад.              Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба иштирокчиёни мулоқот дар бораи натиҷаҳои сафараш ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз нақл кард. Тавре хабар дода шуда буд, дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои хориҷии се мамлакати ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистион ва Эрон баргузор гардид.              Ҳ.Зарифӣ дар бораи дигаргуниҳои мусбати ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон сухан ронд. Вай қайд намуд, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳамроҳи мамлакатҳои дигар дар рушди иқтисодиёти Афғонистон саҳм гузорад. Бо ин мақсад роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқ сохта мешаванд.             Ҳ.Зарифӣ изҳори умед намуд, ки СММ чунин барномаҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.                                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.

Апрель 1, 2009 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд