МУЗДИ МЕҲНАТИ ПУЛИСОНИ ЭКОЛОГӢ ПАРДОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйир ва илова ворид намуд. Назар ба иттилои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандқул Зикиров ҳадаф аз ворид намудани тағйиру илова ба қонуни мазкур таъмини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дар ин замина пардохти музди меҳнати пулисони экологии Кумитаи мазкур мебошад. Намояндаи фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов, қонуни мазкурро барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишвар муфид арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо маблағҳои буҷетӣ дар буҷети соли оянда ворид карда шавад.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






