Н.ҚАРШИБОЕВ – АЪЛОЧИИ МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 7, 2009 10:53

                Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз, 6 апрел ба муносибати даҳсолагии таъсиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он ба раиси анҷумани мазкур Нуриддин Қаршибоев ва ҳамоҳангсози хадамоти таҳлилу тадқиқи анҷуман Абдуфаттоҳ Воҳидов барои саҳми калонашон дар рушду пешрафти соҳаи журналистика нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» супорида шуданд. Нишонҳоро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов супорида, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуд.                 Н.Қаршибоев зикр намуд, ки чунин баҳои баланд ба фаъолияти анҷуман кормандони онро ба андешидани тадбирҳои самарабахш барои ба даст овардани ҳадафҳояшон ва иҷрои вазифаҳояшон рӯҳбаланд месозад. Мо дар оянда ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба журналистон барои иҷрои вазифаҳояшон ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон то ҳадди имкон кӯмак расонем, гуфт дар хотима Н.Қаршибоев.  

Апрель 7, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд