Н. ДАВЛАТОВ: «САБАБИ АСЛИИ ИҶРО НАГАРДИДАНИ

Апрель 23, 2009 15:12

                   Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи мазкур Нусратулло Давлатов дар бораи фаъолияти ин мақомот дар се моҳи соли ҷорӣ маълумот дод.                  Н.Давлатов қайд кард, ки бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо дар ҳолати 1 апрели соли 2009-ум 563,8 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба 1 январи соли ҳисоботӣ ба андозаи 52,9 миллион сомонӣ афзудааст.                 Имрӯз ҳаҷми бақияи қарз дар вилояти Хатлон ба 139,3 миллион сомонӣ, вилояти Суғд — 113,6 миллион сомонӣ ва Нозироти андози андозсупорандагони калон ба 241,8 миллион сомонӣ расидааст. Асосан бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба андозаи 21 миллион сомонӣ ва соҳаи кишоварзӣ 7,8 миллион сомони зиёд шудааст. «ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ андоз супоридасту халос», — тазаккур дод Н.Давлатов.                Н. Давлатов дар хотима ба саволҳои хабарнигорон посух дода гуфт, ки сабаби асосии пурра ҷамъ нагардидани андоз ин таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва интизоми пасти андозсупорандагон аст.

Апрель 23, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд