НАҚШАИ АНДОЗ ДАР СЕМОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2009 ПУРРА ИҶРО НАШУД

Апрель 23, 2009 15:08

                 Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар семоҳаи аввали соли 2009 иҷрои нақшаи андоз 98,1% таъмин гардида, ба ҷойи 486,2 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети давлат 477,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 9,1 миллион сомонӣ кам аст, — гӯфт дар нишасти матбуотӣ 23 апрел раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов.                  Ӯ афзуд, ки гарчанде иҷроиши нақшаи даромади буҷет иҷро нагардида бошад ҳам, воридоти маблағҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 91 миллион сомонӣ ё худ 23,6 % зиёд аст.                 Дар семоҳаи соли ҷорӣ андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба 100,2 % таъмин карда шуд, ки дар натиҷа ба буҷет 164,3 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардид. Аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ бошад 82,3% таъмин гадида, ба буҷети Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нафақа 7,9 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид гардид-, гуфт дар хотима Н.Давлатов.

Апрель 23, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд