НАМОИШНОМАҲОИ ТЕАТРӢ ОИД БА ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНА
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрӯз, 23 апрел вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо сардори Раёсати танзими анъана ва расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбарони театрҳои пойтахти кишвар, муассисаҳои эҷодию консертӣ ва сардорони раёсатҳои вазорат мулоқот доир намуд. Зимни сӯҳбат вазир роҳбарони театрҳоро вазифадор намуд, ки оид ба танзими расму анъана намоишномаҳои театрӣ, аз ҷумла намоишномаҳои мазҳакавӣ ва танқидиро таҳия намуда, ба воситаи радиову телевизион пешкаши бинандагон гардонанд. Ҳамчунин, Раёсати санъати Вазорати фарҳанг вазифадор гардид, ки дар муддати 15 рӯз барномаи озмун барои таҳияи сенарияи намоишномаҳо бахшида ба танзими расму оин омода карда шавад. Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки беҳтарин сенарияро дар шакли маҷмӯа ба табъ расонида, пешкаши хонандагон гардонад. Дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони театрҳои пойтахт баромад карда, оид ба ин масъала фикру мулоҳизахои худро баён намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






