НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз намояндагони се давлати калонтарини аъзои Иттиҳоди Аврупо барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сиёсати умумии берунӣ ба Душанбе омаданд. Сафари онҳо дар Тоҷикистон се рӯз давом мекунад. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дипломатҳои аврупоӣ бо мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Э.Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ М.Давлатов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қ.Ғаффоров мулоқот хоҳанд кард. Намояндаи махсуси ваколатдори Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел низ ҳамроҳи онҳо ба Душанбе омад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






