НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 6, 2009 15:59

              Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи намояндагони Парлумони Аврупо барои боздиди корӣ ба Душанбе омад. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сафари кории намояндагони Парлумони Аврупо дар доираи мулоқоти чоруми намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Аврупо сурат мегирад.              Меҳмонон дар оғози сафар бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев мулоқот мекунанд.              Пагоҳ, 7 апрел мулоқоти намояндагони Парлумони Аврупо бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили коррупсия Шерхон Салимов ба нақша гирифта шудааст.

Апрель 6, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд