НАШРИЯИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДАСТРАСИ ХОНАНДАГОН МЕГАРДАД

Апрель 7, 2009 14:34

                  Душанбе. 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз моҳи майи соли равон сар карда, ҳафтаномаи худро таҳти унвони «Сухан» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастраси хонандагон мегардонад. Айни ҳол ҳайати таҳририяи ҳафтанома интихоб ва рубрикаю мавзӯъҳои он муайян карда мешаванд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ пеш аз ин бо ҳамин ном нашрияи худро дошт. Ҳафтаномаи «Сухан» аз соли 1990 чоп мешуд. Дар он на танҳо рӯйдодҳо ва проблемаҳои соҳаи журналистика, балки ҳаёти ҷамъиятию сиёсати мамлакат ва саросари дунё инъикос карда мешуданд.                   Вале соли 1992 бо сабабҳои молиявӣ нашри ҳафтанома қатъ гардид.                   Акнун роҳбарияти Иттифоқи журналистон қарор дод, ки нашри ҳафтаномаи худро идома диҳад.  

Апрель 7, 2009 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд