НИҲОЛШИНОНӢ ИДОМА ДОРАД

Апрель 10, 2009 15:49

               Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Ба хотири пурра ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам, омода намудани иншоотҳои гидромелиоративӣ, зебо гардондани шаҳру деҳот, барқарор намудани боғу ҷангалзор, афзун намудани наботот, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, дар асоси Қарори раиси вилоят аз 1 -уми марти соли 2009 дар қаламрави вилоят маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ оғоз гардид. Имрӯз маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят дар авҷ аст. Танҳо дар қарияҳои Шипад, Вознавд, Деҳрушону Баҳрӯшон қад-қади ҷӯйборҳову лаби рӯдхонаҳо таи ду ҳафтаи охир беш аз 4 ҳазор бех дарахти сояафкан шинонда шуд. Ниҳолшинонӣ дар саросари вилоят идома дорад.

Апрель 10, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд