«НОРАК- АНТИТЕРРОР- 2009»
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фариддун Маҳмадалиев, аз 17 то 19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ таҳти унвони «Норак-антитеррор- 2009» гузаронида мешавад. Бино ба иттилои ҳамин сарчашма, машқҳо дар доираи нақшаи ягона ва дар асоси Қарори Шӯрои сохтори зиддитеррористии Ташкилоти Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) гузаронида мешавад. Машқҳои муштарак дар ду марҳила баргузор мегарданд. Дар ин машқҳо гурӯҳҳои оперативӣ ва қисмҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзида, аз техникаи вазнини ҷангӣ ва авиатсия истифода намуда, маҳорати ҷангии худро бар зидди ҳар гунна зӯроварӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва сепаратизм намоиш медиҳанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






