НОВОБАСТА АЗ ВАЗЪИ МОЛИЯВӢ, ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Апрель 27, 2009 16:18

                Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, -иброз дошт сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе Тоҳир Каримов.                 Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маош дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо новобаста аз вазъи баамаломада пурра таъмин карда мешаванд.                Дар давоми соли 2008 бештар 104 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфт. Дар давоми 5 соли охир шумораи ҷойҳои нави корӣ ба 510 ҳазор расонида шуд, ки он баёнгари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар мебошад.

Апрель 27, 2009 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд