НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ: «СҲШ ОЯНДАИ КАЛОН ДОРАД»

Апрель 17, 2009 15:35

                 Остона, 17 апрел. (АМИТ «Ховар» — ИнфоШос). — Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар арафаи сафараш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни сӯҳбат бо мухбири Агентии иттилоотии «Синхуа» изҳор намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай созмони мӯътабари минтақавӣ буда, ояндаи калон дорад. Қазоқистон онро ба таври ҷиддӣ дастгирӣ менамояд. СҲШ фаъолияти худро ба манфиати давлату мамлакатҳои мо ба роҳ андохтааст. Вазифаи аввалиндараҷаи он густариши ҳамкории иқтисодии мамлакатҳо, вазифаи дуюми созмон мубориза ба муқобили зуҳуроти бади замони ҳозира мебошад, гуфт Н.Назарбоев. Мамлакатҳои аъзои созмон ба ҳамдигар боварӣ дошта, муносибатҳои дӯстонаи онҳо торафт қавитар мегарданд. Ин сабаби вусъат ёфтани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии онҳо мегардад.                 Н.Назарбоев афзуд, ки роҳбарони Қазоқистон ва Чин мунтазам мулоқот мекунанд ва ҳар ду кишвар ба ҳамдигар торафт наздиктар мегарданд.                  Президенти Қазоқистон ба тадбирҳои Ҳукумати Чин дар бобати бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки таҷрибаи ин мамлакат дар Қазоқистон ҳам истифода бурда мешавад.  

Апрель 17, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд