ОБИ РӮДХОНАИ ПАНҶ БОЯД ТОЗА БОШАД
Бадахшон, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ бо ҷалби толибилмону омӯзгорон дар тоза намудани соҳили дарёи Ғунд саҳмгузорӣ намуд. Тавре сардори ин идора Сафина Шабдолова иттилоъ дод, Бадахшон дорои захираи калони обӣ аст. Бузургтарин пиряхҳои дунё дар ҳамин ҷо мустақаранд. Қариб кулли рӯдхонаи Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегиранд. Оби рӯдхонаи Панҷро, ки Ғунд як шохаи он аст, дар вилояти Хатлон на танҳо барои обёрии киштзорону пахтазорону боғот балки ба ҳайси оби нӯшокӣ низ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, ин об бояд ҳамеша мусаффо бошад. Ин ҳаст, ки ҳар моҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дар масофаи 12 км партовҳои соҳили рӯдхона тоза карда мешавад. Соли сеюм аст, ки ин кор идома дорад. Аз кумитаи вилоятии ҳифзи муҳити зист хабар доданд, ки ин ташаббус дар кулли навоҳии вилоят ҷорӣ гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






