ОМОДАГИИ ХУКУМАТ БА ЗИМИСТОН
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз дар назди Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба тайёрӣ ва гузаронидани зимистони солҳои 2009-2010 ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 муҳокима гардид. Сарваризи ҷумҳурӣ О.Оқилов қайд кард, ки дар давраи тираҳому зимистон зиёда аз 60% маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат истеҳсол мешавад. «Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат, ки дирӯз баргузор гардид супориш дод, ки омодагӣ ба зимистони солҳои 2009-2010 бояд ҷиддӣ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд нақшаи чорабиниҳоро саривақт пешниҳод намоем», — тазаккур дод О. Оқилов. Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо баромад намуда, фикру андешаҳояшонро оид ба нақшаю чорабиниҳо иброз доштанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






