«ОРИЁНБОНК» ШУМОРАИ БАНКОМАТҲОЯШРО ЗИЁД МЕКУНАД

Апрель 21, 2009 08:27

            Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таъмини имконоти беҳтар барои хизматрасонии мизоҷони дорои кортҳои пластикии бонкӣ ҶСК «Ориёнбонк» шабакаи банкоматҳои худро дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мукаммал мегардонад.              Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ банкоматҳои нави шабонарӯзие, ки дар КМ «СИНОН», ТВ «Сафина» ва дар филиали бонк дар ноҳияи Сино муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Инчунин, барои боз ҳам бароҳат амалӣ гардонидани пардохтҳо дар ҳудуди фурудгоҳи байналхалқии шаҳри Душанбе, дар дохили бинои штаби КВД «Тоҷикэйр» низ банкомати нав устувор гардонида шуд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк барои бе мамониат дастрас намудани пули нақд имкон медиҳад.

Апрель 21, 2009 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд