ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОВОЗХОНОНИ ҶАВОН
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тавре хабар дода шуда буд, озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион» имсол аз 27 то 30 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои муайян намудани иштирокчии озмуни мазкур аз Тоҷикистон озмуни овозхонони ҷавонро эълон намуд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба вазорати фарҳанг ариза дода метавонанд. Шарти асосии иштирок дар озмун аз 30 — сола боло набудани синни иштирокчиён ва маҳорати хуби овозхонии онҳо мебошад. Иштирокчиёни озмун дар жанрҳои гуногун се сурудро иҷро менамоянд. Ба ҳайати доварон оҳангсозон, мутрибон ва мутахассисони соҳа шомил карда шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






