ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШКАДАИ ДАНИЯГӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Маҷлиси намоянадгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон зимни мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова ва коршиносони донишкадаи мазкур Кристиан Кнуст ва Гаралд Джепсон дар Душанбе баррасӣ шуданд. Шуҷоат Ҳасанова ба коршиносони даниягӣ доир ба фазои ҳуқуқӣ дар кишвар ва раванди қабули қонунҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии онҳо нигаронида шудаанд, сухан кард. Мавсуф гуфт, ки дар ин замина парлумони Тоҷикистон як қатор қонуну санадҳои муҳимро қабул кардааст. Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамин қабил аст. Коршиносони даниягӣ аз риояи бандҳои Эъломияи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, хостори тақвияти ҳамкориҳо бо парлумони Тоҷикистон шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






