ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО БА ХУҶАНД ВА ХОРУҒ ЗАРАР ОВАРАНД!

Апрель 24, 2009 11:54

                 Душанбе, 24 апреля. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойва). — Умуман дар чумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2009 аз хизматрасонии интиқолоти ҳавоӣ тақрибан 262 ҳазор нафар истифода карданд. Аз ин ҷумла 131,3 ҳазор мусофиронро КВДҲ «Тоҷик Эйр» интиқол додааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии дигар 130,4 ҳазор мусофирро ба манзил расонидаанд, хабар дод дар нишасти матбуотии бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳа директории генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» Алимурод Маҳмадалиев. У қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли равон 50,2 фоизи ҳаҷми умумии интиқолот ба КВДҲ «Тоҷик Эйр» рост меояд.                 Бояд гуфт, ки парвози ҳавопаймоҳои Як-40 ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ аз ҷиҳати иқтисодӣ зарар меоранд. Бинобар ин, қарор дода шуд, ки дар самти Душанбе -Хуҷанд хавопаймоӣ Боинг ва дар самти Душанбе- Хоруғ ҳавопаймоҳои АН-28 истифода бурда шаванд. Интиқоли бор ва почта дар ҳамин давра 448,7 тонна, ё 63,2 фоизро ташкил кард.                 У зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2009 корхона ба буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 14,6 миллион сомонӣ андозҳоро пардохт намуд.                Дар семоҳаи якуми соли 2009 дар бозори хизматрасонии ҳавоии Тоҷикистон 17 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ — КВДҲ «Тоҷик Эйр» ва ширкати «Сомон Эйр», 8 ширкати ҳавопаймоӣ Федератсияи Россия, 3 ширкати кишварҳои ИДМ ва 4 ширкати хориҷаи дуру наздик аз Туркия, Хитой, Афғонистон, Эрон фаъолият доштанд.                 Бинобар афзоиши ҳаҷми кор тавассути техникаи ҳавопаймоии ғарбӣ (Боинг), истифодаи ҳавопаймоҳои Ту-154 коҳиш ёфт ва аз ин сабаб ду ҳавопаймои Ту-154 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иҷора дода шуд. Ин иқдом ба корхонаи ҳавопаймои имкони гирифтани фоидаи иловагӣ, бо кор ва музди бештар таъмин намудани кормандонро аз ҳисоби фармоишгар фароҳам овард.                Ҳамчунин, айни замон дар дохили ҷумхурӣ амалан ҳаҷми кор барои чархболҳои МИ-8 вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, қарор дода шуд, ки ду чархболи МИ-8 барои истифода ба Афғонистон фиристода шавад, — гуфт дар хотима А. Махмадалиев.  

Апрель 24, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд