ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ ПАРРАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Апрель 16, 2009 16:32

                    Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Конфронси матбуотӣ оид ба «Маъракаи ҷалби васоити ахбори омма» дар доираи лоиҳаи «Зукоми паранда» баргузор гардид.                    Маъракаи ҷалби ВАО ин яке аз кӯшишҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ ТУТ ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кӯмак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи Миллӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории зукоми парранда барои солҳои 2006-2010» ташкил карда шудааст.                     Тавре муовини вазири тадурустии ҶТ Азамҷон Мирзоев дар баромади худ қайд намуд, Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ як кишвари дар ҳолати таҳдиди хатар ва дар гузаргоҳи паррандаҳои муҳоҷир қарор дорад. «Илова бар ин, паррандаҳои хонагӣ яке аз захираҳои муҳими иқтисодии аксар оилаҳое мебошанд, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон то ҳанӯз нишонаҳои бемории зукоми парранда ба қайд гирифта нашудааст», — идома дод муовини вазир.                    Тадқиқоте, ки соли 2006 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ «ЮНИСЕФ» анҷом ёфт нишон дод, ки 84%-и мардум дар Тоҷикистон паррандаҳои хонагии худро дар атрофи ҳавлии худ дар катакҳо нигоҳ медоранд ва 49% онҳо баъди сарукор бо паррандаҳо, тухмҳо ва тоза кардани катакҳо дастонашонро бо собун мешӯянд. Агар вазъият тағийр наёбад, ин рафтор потенсиали хатари паҳншавии зукоми паррандаро дар ҷумҳурӣ афзоиш медиҳад.                   Инчунин Сарвари Хазинаи кӯдакони (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Ҳонгвей Гао қайд намуд, ки: «агарчи бемории зукоми парранда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мардум бояд барои пешгирии вируси ин беморӣ хубтар огоҳ карда шаванд».    

Апрель 16, 2009 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд