ПЕШРАВИҲОИ НАЗАРРАС АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Апрель 9, 2009 13:23

                 Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ҳамаи сокинони кишвар аз он интизорӣ доранд, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис тон чӣ мароме пешниҳод ва қабул мегардад.                 Бино ба гуфти раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон («Тоҷиксуғурта») Аловуддин Сатторов, аз як Паём то Паёми дигари Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, гоми устуворе гузошта мешавад ва пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои кишвар хоҳад шуд. Ҳар як Паёми Сарвари давлат давоми мантиқии Паёмҳои гузаштаанд. Дар Паёмҳои Сарвари давлат аксари ҳадафу вазифаҳо барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудаанд ва ҳар сол ҷараёни амалӣ гаштани онҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ мегарданд. Бо дигаргуниҳои ҷаҳони муосир як қисми онҳо такмил ёфта, мақсаду ҳадафҳои нав муайян ва мушаххас мегардад.  

Апрель 9, 2009 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд