ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ МАКЕДОНИЯ
Скопе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). — 5 апрел дар Македония интихоботи президент баргузор гардид. Аз рӯи хабарҳои расида, дар интихобот номзади ҳизби ҳокими демократии ваҳдати миллӣ Георгий Иванов ғалаба кард. Аз се ду ҳиссаи интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз доданд. Рақиби Г.Иванов — намояндаи Иттиҳоди сотсиал — демократҳои Македония Любомир Фрачковский ба мағлубияташ дар интихобот иқрор шуд. Хабар дода мешавад, ки то ҳол тақрибан 20 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ ҳисоб карда нашудаанд. Вале ин ба натиҷаҳои интихобот таъсири ҷиддӣ намерасонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






