ПРОТОКОЛИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 3 МИЛЛИОН ЕВРО

Апрель 13, 2009 11:40

                 Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев 1-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ сохтани лоиҳаи таҷдиди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки сардори департаменти Вазорати иқтисоди Франсия Никол Прего протоколи иловагӣ ба маблағи 3 млн. евро ба имзо расонида шуд.                 Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз соли 2008 барои сохтмони хатти парвози фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби Франсия 17 млн. евро сармоягузорӣ шуда буд. Мӯҳлати бозпардохти ин қарз 39 сол бо 15 фоизи солона пешбинӣ шудааст. Давраи имтиёзноки қарз 20 сол аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ин иншоотро ба андозаи 7 млн. евро маблағгузорӣ мекунад.                 Лоиҳаи мазкур то соли 2011 пурра амалӣ гардонида мешавад, ки он нисбатан имконияти бештареро дар интиқоли мусофирон ва бору мол фароҳам месозад.  

Апрель 13, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд