РАИС ҚАРОРИХУДРО ҲИМОЯ КАРДА НАТАВОНИСТ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳод намудаи соҳибкор — Раҳим Гурезов аз шаҳри Ваҳдат, пас аз дастрас кардани қарори раиси шаҳр аз 5-уми маи соли 2008 дар бораи сохтмони мағоза дар бозори шаҳри Ваҳдат, сармеъмори шаҳр Эраҷ Зоҳиров барои бунёди мағоза иҷозат дод. Корхонаи Воҳиди давлатии «Лоиҳакашию истеҳсолии маъмурӣ ва банақшагирӣ» бошад лоиҳаи мағозаро таҳия намуд. Асоси ҳамаи, ин ҳуҷҷатгузориҳо мактуби директори бозори шаҳри Ваҳдат дар бораи мавҷуд будани замини сохтмонии назди бозор ба раиси шаҳр мебошад. Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ба соҳибкор Раҳим Гурезов бо мӯҳру имзо супоридааст ва дар охир идораи сӯхторхомӯшкунӣ ва муҳити зисти шаҳр низ мӯҳру имзои худро гузошт. Аммо бо гузашти 9 моҳ ҳеҷ яке аз ин идораҳои мӯҳру васиқадиҳанда имзои худро ҳимоя намекунад ва Раҳим Гурезов барин даҳҳо соҳибкор дар шаҳри Ваҳдат сарсону саргардон аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






