РОҲХАТ БА ОЗМУНИ ВИЛОЯТИ
Исфара, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Тибқи даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара теъдоди китобҳои на танҳо китобхонаи марказии шаҳр, балки деҳот низ меафзоянд. Чунки вобаста ба қарори Раиси шаҳр ҳар чаҳоршанбеи сеюми моҳ дар китобхонаҳои шаҳру деҳот чорабиние ба ифтихори ин маҳзани дониш баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур мудири китобхонаи деҳаи Навгилем Субҳониддин Нарзиев, раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Муҳибулло Убайдуллоев, мудири бахши фарҳангии шаҳр Меҳроҷиддин Нарзиев, имомхатиби масҷиди Абдуллохони деҳа Сатторхон Нарзуллохонов иштирок намуданд. Моҳияти китоб, нақши он дар ғанӣ гардонидани олами маънавии инсонҳо, тарбияи ҳисси китобдӯстӣ дар тинати наврасон аз мавзӯъҳои ҷаласа иборат буда, ба китобхона бештар аз 200 номгӯ китоб тӯҳфа карда шуд. Имрӯз дар китобхонаи деҳаи номбурда зиёда аз 2 100 нусха китоб мавҷуд буда, он 310 нафар хонандаи доимӣ дорад. -Хушбахтона баъди даъвати Сарвари давлатамон ҳам теъдоди китобҳо ва ҳам китобхонҳо афзуда истодаанд, — мегӯяд С.Нарзиев.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






