СӮҲБАТИ САФИРИ МАЛАЙЗИЯ БО ХАБАРНИГОРОН

Апрель 20, 2009 13:29

                  Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон субҳи имрӯз эътиборномаи сафири кабири Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз бинни Ҳорунро қабул намуд. Сафир баъди маросими супурдани эътиборнома бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ мухтасар сӯҳбат кард. Вай ба хабарнигорон дар бораи мулоқоташ бо Сарвари давлат ва натиҷаҳои он маълумот дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки зимни мулоқот асосан роҳу усулҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.                   «Президенти Тоҷикистон сафари худро ба Куала — Лумпур дар соли 2003 ёдовар шуд. Вай ҳамон вақт дар маҷлиси Созмони конфронси исломӣ иштирок карда буд. Тоҷикистону Малайзия ҳамчун давлатҳои аъзои созмони мазкур ва мамлакатҳои мусулмон умумиятҳои зиёд доранд. Тоҷикистон метавонад таҷрибаи Малайзияро ҳамчун мамлакати мусулмон омӯзад», — гуфт сафир. Вай зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон тоҷирону соҳибкорони Малайзияро даъват кардааст, то ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат сармоя гузоранд.                   Абдулазиз бинни Ҳорун изҳор намуд, ки ҳамаи пешниҳодоти Президенти Тоҷикистонро ба ҳукумати мамлакаташ ва тоҷирону соҳибкорони он мерасонад. Вай зикр намуд, ки Тоҷикистону Малайзия то ҳол ягон қарордоди ҳамкорӣ имзо накардаанд. Бо вуҷуди ин, Малайзия соли 1995 ба Тоҷикистон дар соҳаи маориф кӯмаки техникӣ расонда буд. Соли 2008 ҳашт нафар намояндаи Тоҷикистон дар мактабҳои олии Малайзия таҳсил намуданд. Соли 2009 чор намояндаи дигари Тоҷикистон ба мактабҳои олии ин мамлакат дохил шуд.                  Таъкид шуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат он қадар зиёд нест, вале барои афзун гардондани он имкониятҳои зиёд мавҷуданд.                 «Ман Президенти Тоҷикистонро даъват намудам, ки барои боздиди давлатӣ ба Малайзия ташриф орад. Инчунин, ташрифи роҳбарияти Малайзия ба Тоҷикистон имконпазир аст», — гуфт Абдулазиз бинни Ҳорун.                 Вай афзуд, ки Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштараки маснуоти барқӣ ва туризм ҳамкорӣ карда метавонанд. Дар хотима пешниҳод карда шуд, ки байни ҳар ду кишвар парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ба роҳ монда шавад.                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 20, 2009 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад