С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «МО ХОСТОРИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО ПАРЛУМОНИ АВРУПО ҲАСТЕМ»

Апрель 7, 2009 11:52

               Душанбе, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Аврупо дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо намояндагони парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи парлумони Аврупо хонум Она Юкневичене ба Душанбе омадаанд, баррасӣ гардиданд.                Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев доир ба таърихи таъсиси парлумони Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки алҳол дар парлумони кишвар намояндагони се ҳизби сиёсӣ фаъолият менамоянд, ки аз рушди равандҳои демократия ва гуногунандешӣ шаҳодат медиҳад. Мавсуф ҳамзамон, роҷеъ ба ҳамкории судманди парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон ибрози назар намуда, афзуд, ки мо хостори ҳар чӣ бештар тақвият ёфтани робитаҳои парлумонӣ байни Тоҷикистон ва парлумони Аврупо ҳастем.                Ҳайати намояндагони парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Она Юкневичене аз 6 то 9 апрел дар Душанбе қарор доранд ва ҳадафи сафарашон тавсеаи ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва парлумони Аврупо мебошад.                Бояд тазаккур дод, ки парлумони Аврупо 59 сол муқаддам, аниқтараш соли 1950 таъсис дода шуда, дорои 785 намояндаи кишварҳои Аврупо мебошад. Намояндагони парлумони Аврупо ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.  

Апрель 7, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд