САФИ ИХТИЁРИЁН МЕАФЗОЯД

Апрель 16, 2009 10:15

                Исфара, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ то рафт меафзояд. Инро раванди навбати аввали гусели ҷавонон ба сафҳои Артиши Миллӣ аз вилояти Суғд собит сохт. Бояд қайд намуд, 72 нафар ихтиёриёни наваскар аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара сафарбар карда шуданд.                Раиси комиссияи даъват, муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Баҳромҷон Бобоев ҷавононро бо чунин шарафи мардонагӣ, хизмат ба Ватан шодбош гуфта, зикри сабақи далерию шуҷоат ва садоқат будани хизмати ҳарбиро карда барои идомаи анъанаҳои неки бобоёну падарони қаҳрамон дар ҷабҳаҳои дифоъ аз Ватан ба ҷавонон пирӯзиҳо таманно намуд.                 Инчунин раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри мазкур Каримҷон Музаффаров, собиқадори ҷангу меҳнат, пири садсола Сангинхон Саримсоқов ва дигарон ба сухан баромада ба наваскарон роҳи сафед талабиданд.                 Қобили зикр аст, ки дар раванди навбати аввали сафарбаркунӣ ҷамоатҳои шаҳракҳои КИМ, Нефтобод ва Шӯроб аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳории даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ сарбаландона баромаданд.  

Апрель 16, 2009 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд