«САМО» ЕВРОПАРО ТАСХИР МЕКУНАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Тахмина Гоибназарова).- Ансамбли мусиқии анъанавии халқии «Само» дар 2 ҷашнвораи байналхалқии мусиқии мардумӣ иштирок менамояд. Аъзои даста аввал 20 апрел, дар Голландия ҳунарнамоӣ карда, баъд ба Белгия сафари ҳунарӣ мекунанд. Гурӯҳи ҳунарӣ ба тамошобинони европоӣ барномаи навро таҳти унвони «Мусиқии Помир» пешкаш хоҳад кард. Тамошобинони аввалини онҳо рӯзи 28 март шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Роҳбари даста ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бахшида ба ин сафарҳои ҳунарӣ барномаи махсус тайёр карда шудааст. Ин барнома сурудҳои халқии шӯху дилхушкунандаро дар бар мегирад. Мо ба тамошобинони хориҷӣ намунаҳои беҳтарини асарҳои мусиқӣ, расқ ва сурудҳои мардуми кӯҳистонро пешкаш хоҳем кард.Суруд ва рақсу мусиқӣ сарҳадҳоро эътироф намекунанд ва ба тарҷума эҳтиёҷ надоранд. Мо дар консертҳои худ ғояҳои сулҳу дӯстиро тараннум мекунем. Дастаи мазкур баъди анҷоми ҷашнвораҳои зикршуда ба Олмон сафари ҳунарӣ хоҳад кард. Тарҷумаи Зебо Иноятова